Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз талоши сӯъиқасд ба ҷони Барак Обама


Мақомоти Амрико мегӯянд, аз як талоши сӯъиқасд ба ҷони Барак Обама, номзади ҳизби демократ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико, ҷилавгирӣ кардаанд. Ҷим Каванау, маъмури Ожонси мубориза бо қочоқи машруботу тамоку ва силоҳу маводи тарканда, гуфтааст, ки ду марди нажодпараст қасд доштаанд, 88 сиёҳпӯстро ба қатл расонда, сари 14 нафарро аз тан ҷудо кунанд. Ба гуфтаи ин маъмур, яке аз аҳдофи ин сартарошидаҳо Барак Обама будааст. Сухангӯи Барак Обама аммо аз тафсири ин хабар худдорӣ варзидааст.
XS
SM
MD
LG