Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва Афғонистон роҳи наҷот меҷӯянд


Сиёсатмадорон ва пешвоёни қабилавии Афғонистону Покистон ба як анҷумане дар Исломобод гирд омаданд, то роҳҳои қатъи хушунатҳоеро пайдо кунанд, ки аз тарафи ситезаҷӯён ба амал омада, вазъро дар ҳарду кишвар ноором кардаанд. Ин ҷаласа, ки ду рӯз давом хоҳад кард, идомаи ҷирга ё маҷлиси умумии минтақаии соли гузашта аст, ки талоше буд барои ба ифоқа овардани Толибони афғон. Дар ҷаласаи имрӯза, ки "ҷиргаи хурд" ном гирифтааст, аз ҳарду тараф 25-нафарӣ ширкат доранд.

Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, сарони ду кишвари ҳамсоя ба натиҷае расидаанд, ҳоло фурсати дурусти ҳалли мушкилҳоест, ки ду кишварро бо ноамнӣ ва хунрезиҳо гирифтор кардаанд. Афросиёби Хаттак, сиёсатмадори собиқадори миллатгарои паштун ва фиристодаи сулҳи ҳукумат ба манотиқи ноороми қабиланишин мегӯяд, дигар аз иродаи сиёсии Кобулу Исломобод бастагӣ хоҳад дошт, ки ба хушунат дар минтақа ғотима гузоранд ва ин ирода ҷиргаи хурдро бузуркор хоҳад кард.

Ин нишаст нишонаи як тағйире дар ҳафт соли охир аст, вақте вазъи ҳарбӣ дар майдони ҷанг таҳаввулоти сиёсиро муайян мекунад. Таҳлилгарон бар инанд, ки саҳнаи ҷанг дар Покистон ва Афғонистон густариш ёфта, ҳарчи бештар ба як саҳнаи ягона табдил меёбад. Аз сӯи дигар, таҳдиди он ба Покистон низ бештар мешавад. Дар гузашта Кобул Исломободро айбдор мекард, ки бар зидди ситезаҷӯён ба андозаи кофӣ амал намекунад, то аз ҳамлаи онҳо ба Афғонистон пешгирӣ кунад. Вазири умури хориҷии Покистон, Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ дар сарсухани анҷуман паёми онро рӯшан кард. Қурайшӣ мегӯяд, барномаи ҷаласа кӯтоҳ, аммо чашмандозаш васеъ аст. Дарки ин то рафт бештар мешавад, ки танҳо истифодаи нерӯ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Комёбии дарозмуддат ба гуфтугӯ ва оштӣ ҳамчун бахши умдаи амали мо бастагӣ дорад.

Вазири пешини умури хориҷии Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки ба ҳайати расмии кишвараш сарварӣ мекард, ҳарду кишвар ва ҳарду мардум роҳе ба ҷуз ин надоранд, ки бародарвор бо мадади ҳамдигар ва эҳтироми ҳамдигарӣ ба манофеъи муштараки худ ва манофеъи муштараки мардум бирасанд.

Бо вуҷуди чунин ҳамфикрию ҳамзабонӣ ду кишвар аз таҳияи чаҳорчӯб ё роҳнамои расидан ба мақсади муштарак хеле дуранд. Толибон ва дигар ҷиноҳҳои мусаллаҳ, ки дар нооромиҳои ҳарду кишвар даст доранд, аз ҷаласа канор гирифтаанд.

Инро ҳам бояд афзуд, ки намояндагони Толибон ба гуфтушунид бо Кобул мухолиф нестанд, аммо пешшарти онҳо барои Кобул сангин аст. Онҳо мегӯянд, замоне бо Кобул гуфтушунид хоҳанд кард, ки нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд. Ба ақидаи шореҳон, гумон аст ҷаласаи Исломобод дар кӯтоҳмуддат натиҷаҳои муассир бидиҳад, аммо ҳамчун оғози як роҳи тӯлонӣ муҳим мебошад.

XS
SM
MD
LG