Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ки дар шаҳри Душанбе тӯли ду рӯз идома кард, ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ баргузор шуд, ҳудуди 200 варзишгар аз ҳамаи манотиқи Тоҷикистон ширкат карданд.

Довари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Паҳлавони машҳури тоҷик Саидмӯъмин Раҳимов дар ҳайъати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Мински Беларус дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар рақобатҳо дар вазни то 100 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Воқеъан, то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи ӯ нарасидааст. Вай дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. С. Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст. Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. С. Раҳимов феълан раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон мебошад».

Маҳмуди Абдуллоҳ афзуд, барои дуввумин бор аст, ки дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов доир гардид.

Паҳлавонони шаҳри Душанбе Файзалӣ Ятимов дар вазни то 52 кг, Фирӯз Замонаев дар вазни то 62 кг, Фарҳод Раҳимов дар вазни то74 кг, Раҳматуллоҳ Абдуллоев дар вазни то 90 кг, Абубакр Раҳмонов дар вазни то 100 кг ва Муҳаммад Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг ҷойҳои аввалро касб карданд. Инчунин Лутфуллоҳ Розиқов, аз ноҳияи Рӯдакӣ, дар вазни то 57 кг, Ҷамшед Шоҳниёзов, аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, дар вазни то 68 кг ва Комилҷон Шералиев, аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар вазни то 82 кг ғолиб шуданд.

XS
SM
MD
LG