Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи фурӯафтии шохисҳои молии ҷаҳон



Шохиси саҳом дар бозори бурси Ҷопон ба поинтарин нуқта дар 26 соли охир фурӯ афтид. Никкей ба дараҷае паст омад, ки то шашуним дарсад коҳиш ёфт. Ин ҳолат ба тарсу бим аз таназзули ҷаҳонии иқтисод рабт дода мешавад. Сарвазири Ҷопон, Таро Асо гуфт: "Агар мо ҳоло ягон иқдоми муҳим нагузорем, бозори саҳм ба иқтисоди воқеъӣ таъсири амиқ хоҳад кард. Бино бар ин бояд ҳама гуна чораҳоро ҷустуҷӯ кард." Фурӯафтии шохисҳои молӣ дар дигар кишварҳои Осиё низ ба амал омад. Раиси ширкати миёнаравии Ар Эс Лим ва шариконаш дар Монило, пойтахти Филипин гуфт: "Ин вазъро ба ғайр аз қассобии хунин чизе гуфтан номумкин аст. Фурӯши сартосарӣ ва густарда ҷараён гирифт." Вазъи ҷаҳониро шореҳи иқтисодии маҷаллаи Хазинаи Аврупои Ройтерз, Ник Эдвардс чунин шарҳ дод: "Ҳамагон ғолибан аз болидагии афзун ба воҳимаи номаҳдуд гузаштаанд. Ҳар кас талош дорад, пули худро бигирад, то талафоти пешинаашро бипӯшонад. Ин аҳвол бояд ба як нуқтаи ниҳоие бирасад, то ки вазъ мӯътадил шавад."
XS
SM
MD
LG