Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи амрикоии боздоштшуда дар Эрон



Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, додгустарони ин кишвар парвандаи як амрикоии эрониаслро пажӯҳиш мекунанд. Эша Мӯъминӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Калифорния дар нимаҳои октябр бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боздошт шудааст. Аммо наздикони ӯ мегӯянд, айбномаи расмӣ эълон нашуда, мақомот ба пайвандони хонуми Мӯъминӣ гуфтаанд, ки вай барои равобиташ бо маъракаи мубориза барои баробарии марду зан дар Эрон боздошт шудааст. Ширкатдорони маърака мехоҳанд, барои тағйири қонунҳои Эрон як миллион имзо гирдоварӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG