Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо ба мурофиаи нави миёни ТАЛКО ва "Ансол"


Қарор аст, имрӯз, 27 октябр, дар як додгоҳи Лондон, пойтахти Бритониё, боз як мурофиаи додгоҳӣ миёни ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон, ва Аваз Назаров, раҳбари ширкати "Ансол" ва Абдуқодир Эрматов, мудири собиқи корхонаи алюминсозии Регар, шурӯъ шавад. ТАЛКО Назаров ва Эрматовро дар сирқати наздики ним миллиард доллар пули корхона муттаҳам мекунад. Аз ҳаққи ТАЛКО дар додгоҳҳои Бритониё ширкати ҳуқуқии "Ҳерберт Смиф" дифоъ мекунад ва бар асоси хабарҳои нашршуда, ҷониби Тоҷикистон то кунун ба ин ширкати бритониёӣ беш аз 100 миллион доллар ҳаққи хидмат пардохт кардааст.
Аммо Эрматов ва Назаров иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо радд мекунанд. Аваз Назаров, ба навбаи худ, раҳбарони ТАЛКО-ро дар ҷабран берун кардани ӯву ширкаташ аз тиҷорати алюминиуми тавлиди ТАЛКО муттаҳам мекунад ва дар ин замина ба додгоҳи Бритониё шикоят низ бурдааст.
Ширкати "Ансол" то поёни соли 2004 таъминкунандаи асосии гилхок(глинозем) - ашёи хом барои тавлиди алюминиум - барои корхонаи алюминсозии Тоҷикистон буд. Аммо дар пайи табдили раҳбарияти корхона Назаров низ тарки Тоҷикистон кард ва, бино ба хабарҳо, дар ҳоли ҳозир, дар Бритониё ба сар мебарад.
ТАЛКО бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон маҳсуб шуда, солона беш аз 400 000 тонна алюминиуми аввалия тавлид ва умдатан ба хориҷ содир мекунад. Бахши аъзами содироти Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши тавлидоти ҳамин корхона ба даст меояд.



XS
SM
MD
LG