Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Украина аз тасмими IMF


Normal 0

Украина аз тасмими Сандуқи байналмилалии пул ҷиҳати ироаи як бастаи 16,5-миллиарддоларии қарз ба ин кишвар истиқбол кард. Ин қарз барои 24 моҳ ва ба хотири кӯмак дар амри муқобила бо бӯҳрони молӣ ироа мешавад.

Вазорати дороӣ ва Бонки марказии Украина мегӯянд, пуштибонии Сандуқи пул эътимоди сармоягузорони хусусиро тақвият бахшида, фаъолияти собити низоми бонкии Украинаро таъмин хоҳад кард. Аммо раиси Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страус –Кан гуфт, қарзи мазкур танҳо пас аз тасвиб шуданаш аз ҷониби мудирият ва шӯрои ҳукоми ин ниҳоди молӣ ва ҳам ислоҳи қонуни бонкдории Украина дар ихтиёри он кишвар қарор хоҳад гирифт.


XS
SM
MD
LG