Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломи ҷаълии вазири кишвари Эрон


ИСНО, Хабаргузории Донишҷӯёни Эрон, хабар медиҳад, ки Маҷлиси ҳаштуми Шӯрои Исломӣ, парлумони Эрон, ба зудӣ масъалаи адами раъйи эътимод ба вазири кишвар Алии Курдонро баррасӣ хоҳад кард.

Алии Курдон ахиран эътироф кард, ки дипломи гӯё аз донишгоҳи машҳури Оксфорд дарёфт кардаи ӯ ҷаълӣ будааст.

ИСНО аз қавли Ҳамидризо Ҳоҷибобоӣ, узви Шӯрои парлумон навишт, раванди изҳори адами раъйи эътимод ба Алии Курдон дар Маҷлис рӯзи 4 ноябр шурӯъ хоҳад шуд.

Фишор болои Курдон бо тақозои тарки кобинаи вазирон замоне авҷ гирифт, ки донишгоҳи Оксфорд ба ӯ додани ҳар навъ дипломи ин донишгоҳро радд кард.


XS
SM
MD
LG