Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷиргаи хурди паштуҳо дар Исломобод ҷамъ мешавад


Раҳбарони сиёсиву қавмии қабилаҳои паштуи Покистону Афғонистон имрӯз дар Исломобод роҳҳои фурӯ нишондани мавҷи фазояндаи хушунатҳо дар ҳарду сӯи марзҳои баҳсии ин ду кишвар, аз ҷумла имкони гуфтугӯ ва музокирот бо Толибонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҷиргаи хурди паштуҳои Покистону Афғонистон ба дунболи Ҷиргаи бузурги соли гузашта дар Кобул сурат мегирад. Нишасти Кобул хостори музокира бо ҷангиёни толиб ба хотири поён бахшидан ба хунрезиҳо дар ҳарду кишвар шуда буд.

Дар Ҷиргаи хурди Исломобод, ки ду рӯз идома хоҳад кард, ҳудуди 50 тан аз шахсиятҳои сиёсӣ, раҳбарони қабоил ва рӯҳониён аз Покистону Афғонистон ширкат меварзанд.


XS
SM
MD
LG