Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод мариз буданашро рад кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гузоришҳои нашршуда дар бораи маризиашро радд карда, гуфт, ӯ солим аст. Гузоришҳои нашршуда дар бораи эҳтимолан ба маризӣ печидани Аҳмадинажод ҳамчунин дар бораи зери хатар рафтани ояндаи сиёсии ӯ ҳадс мезаданд. Аммо дар посух ба суоли телевизиони давлатии Эрон, раисиҷумҳур Аҳмадинажод гуфт, “ мо ҳам инсонем ва метавонем сармо бихӯрем, аммо ман мариз нестам.” Муҳаммад Кавсарӣ, як муттаҳиди наздики раисиҷумҳури Эрон, хабарҳо дар бораи вазъи бади сиҳҳати Аҳмадинажодро “найрангбозӣ” номидааст.
XS
SM
MD
LG