Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 ҷангии дигар дар Боҷаури Покистон


Нирӯҳои Покистон дар ҷараёни задухӯрд бо ҷангиён дар сарзаминҳои қабиланишини шимолу ғарби кишвар дасти кам 11 чирикиро ба ҳалокат расонданд. Нирӯҳои заминӣ таҳти ҳимояти оташи чархболҳо ва тӯпхонаҳо сангарҳои чирикиҳо дар Тангхата ва Чаҳормангро дар минтақаи Боҷаур таҳти ҳамла қарор доданд. Ин минтақа аз пойгоҳҳои қавии ҷангиёни Толибон ва Ал-Қоида дониста мешавад.

Як рӯз қабл нирӯҳои Покистон эълом карданд, ки назорат бар Лойисом, як мавзеъи стротежӣ дар минтақаи ошӯбзадаи Боҷаурро, ки як масири калидӣ ба сӯи Афғонистони ҳамҷавор маҳсуб мешавад, таҳти назорати худ даровардаанд.


XS
SM
MD
LG