Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исроил интихоботи қабл аз вақт доир мешавад


Сипи Ливнӣ, раиси ҳизби ҳукмрони “Кадима” ва вазири умури хориҷаи Исроил имрӯз аз раиси ҷумҳур Шимон Перес дархости интихоботи қабл аз вақти порлумониро кард. Хонум Ливнӣ ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ки талошҳои “Кадима” барои ташкили эътилофи ҳукмрон дар кнессет бидуни натиҷа поён ёфтанд. Раҳбарони ҳизб бо Ҳизби кори вазири дифоъ Эҳуда Барак созиш ҳосил карданд ва аммо дар музокирот бо ҳизби "Шас" ноком шуданд.
Сипи Ливнӣ баъд аз мулоқот бо Шимон Перес изҳор намуд, “ман ба президент гуфтам, ки дар вазъи ба вуқуъпайваста баргузории интихобот зарур аст". Интизор меравад, ки раисиҷумҳур тайи се рӯзи оянда рӯзи интихоботро муқаррар мекунад.

Ёдовар мешавем, Сипи Ливнӣ баъд аз он раёсати ҳизби “Кадима”-ро бар дӯш гирифт, ки моҳи гузашта сарвазир Эҳуд Олмерт дар бораи истеъфо тасмим гирифт. Раиси ҳукумати Исроил дар фасод муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG