Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни бозигарони то 19-сола дар шаҳри Анталияи Туркия бо тимҳои ин кишвар ду бозии санҷишӣ анҷом дод.

Футболбозони ҷавони тоҷик нахуст бо тими дивизони аввали Туркия - «Кокутамспор» - рӯбарӯ шуданд. Ин дидор бо натиҷаи мусовии 2:2 ба анҷом расид. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва Комил Саидов ба самар расонданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дуввуми санҷишӣ бар тими «Кардиянспор», пешсафи мусобиқоти дивизиони аввали Туркия, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Дар ин дидор низ Давронҷон Тухтасунов як гол зад. Голи дуввумро Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расонд. Бояд тазаккур дод, дар ин бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду бор пенолти таъйин шуд ва якеашро дарвозабон Фаррух Бердиев баргардонд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола, ки аз 31-уми октябр то 14-уми ноябр дар Арабистони Саъудӣ баргузор мешавад, дар гурӯҳи С бо дастаҳои Чин, Куриёи Шимолӣ ва Лубнон бозӣ хоҳад кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, мақсади мо ба даст овардани роҳхат ба сабқати ҷаҳонӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG