Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Эрон ва Афғонистон


Бар асари заминларза дар шаҳри бандарии Конг, воқеъ дар ҷануби Эрон 9 нафар маҷрӯҳ шуданд. Раиси бахши вазъи изтирориии устони Ҳурмузгон Ёсир Ҳазбавӣ хабар дод, ки заминларза бо нерӯи 5 дараҷа бегаҳи рӯзи шанбе ба вуқуъ пайваст.

Ҳамин гуна заминларза бо нерӯи андаке бештар дар шимолу шарқи Афғонистон низ рух дод. Дар бораи осебдидагон ва ё харобиҳо аз ин офати табиӣ иттилоъе нарасидааст. Маркази заминларза дар ҷануби шаҳри Файзобод қарор дошт. Зилзиларо сокинони Кобул ҳам эҳсос карданд.

XS
SM
MD
LG