Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Талоши ташкили эътилоф дар Кнессет ноком шуд


Сипи Ливнӣ, раиси ҳизби ҳукмрони “Кадима” ва вазири умури хориҷаи Исроил имрӯз аз раисиҷумҳур Шимон Перес дархости интихоботи қабл аз вақти порлумониро хоҳад кард. Хонум Ливнӣ дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллии "Едиот Ахронот" иқрор намуд, ки талошҳои ташкили эътилофи ҳукмрон дар Кнессет бидуни натиҷа поён ёфтанд. Ҳизби "Кадима" бо Ҳизби кори вазири дифоъ Эҳуд Барак созиш ҳосил кард ва аммо дар музокирот бо ҳизби "Шас" ноком шуд.

Сипи Ливнӣ баъд аз он раёсати ҳизби “Кадима”-ро бар дӯш гирифт, ки моҳи гузашта раиси пешини ҳизб ва сарвазир Эҳуд Олмерт дар бораи истеъфо тасмим гирифт. Раиси ҳукумати Исроил дар фасод муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG