Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 толиб дар Бадҷаур


Дар манотиқи шимолу ғарби Покистон амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ алайҳи мусаллаҳони "Толибон" идома дорад. Артиш бо истифода аз чархболҳо ва тупхона мавқеъҳои толибон дар минтақаи Бадҷаурро ҳадафи оташ қарор медиҳад. Бадҷаур аз истеҳкомҳои ҷунбиши "Толибон" ва созмони "Ал-Қоида" маҳсуб мешавад. Ба иттилоъи расмӣ, ахиран дар задухурдҳо дасти кам 8 тан аз толибон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG