Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши иқтисодии Аврупову Осиё поён ёфт


Дар шаҳри Пекин, пойтахти Чин ҳамоиши иқтисодии Аврупову Осиё поён ёфт. Ширкаткунандагони ин нишаст дар як эъломия хостори ислоҳоти ҷиддии системи молиявии ҷаҳон шуданд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон дар робита ба таҳкими назорати бозорҳои молӣ чанд пешниҳод ироа кард. Аҳли нишаст ҳамчунин ба зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои аврупоиву Осиёӣ дар мубориза бо бӯҳрони молиявӣ таъкид карданд. Дар ҳамоиши Пекин ҳайатҳои 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва 16 кишвари Осиё ширкат доштанд. Жозе Манэл Баррозо, раиси Комиссиюни Аврупо изҳор намуд, аз саммити Вошингтон, ки низ ба бӯҳрони молиявӣ бахшида мешавад, тасмимҳои мушаххас ва муҳимро интизор аст. Қарор аст ин нишаст дар пойтахти ИМА миёнаҳои моҳи ноябр доир шавад.

XS
SM
MD
LG