Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши хариду фурўши ғайриқонунии замин


Бо таваҷҷўҳ ба афзоиши ҷиноёти марбут ба хариду фурўши ғайриқонунии замин дар вилояти Хатлон, коршиносон ва низ мақомоти маҳаллӣ масъалаи коҳиши салоҳиятҳои руасои шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳоро, ки аз ҳуқуқи тақсим кардану ихтисос додани заминҳо бархурдор ҳастанд, дар миён мегузоранд.

То ин замон дар қаламрави вилояти Хатлон 200 амалдори маҳаллӣ ҳуқуқ доштанд, заминро барои истифода ба мардум бифрўшанд, аммо ҳамакнун гуфта мешавад, 175 нафари онҳо аз инҳақ маҳрум шудаанд. Ғайбулло Афзал, раиси вилояти Хатлон, мегўяд:

«То имрӯз аз 200 то 300 нафар ҳақ дошт заминро ба мардум тақсим кунад, ҳуқуқи истифодаашро фурӯшад, ин боиси боло рафтани сатҳи коррупсия шуд. Чандин раиси ҷамоат барои истифодаи ғайримақсаду ғайриқонунӣ тақсим кардани замин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан шуданд. Онҳо аксаран вакили маҷлисҳои маҳаллӣ буданд, ҷиноят содир карданд, аз мақомҳо суистифода карданд ва дар ниҳоят, ба обру ва нуфузи маҷлисҳои вакилон латма заданд. Ҳамакнун танҳо 25 нафар, фақат раисони кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳӣ ҳақ доранд, санадҳои вобаста ба хариду фуруши заминро имзо кунанд, дигар раисони ҷамоятҳо аз ин ҳақ маҳрум мешаванд…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли равон мақомоти додситонии вилояти Хатлон беш аз 558 ҳектор замини обиро, ки ғайриқонунӣ фурўхта шудааст, мусодира карда, ба ҳолати аввалааш баргардонид.

Ниҳоди мазкур аз истифодаи ғайримақсад ва бесамари заминҳо дар қаламрави ҷануби кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Ба гуфтаи Саидмурод Қодиров, муовини аввали додситони вилояти Хатлон, сарфи назар аз боздоштҳо ва ба муҷозот кашиданҳои афроди масъул, мавориди хариду фурўши ғайриқонунӣ ё тасарруфи замин мушоҳида мешавад.

Дар соли равон мақомоти додситонӣ нисбат ба 2300 қарори раисони шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳо, ки марбут ба фурўшу тақсими замин буд, эътироз овардаанд. Зимнан, 159 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, 2006 нафар ба муҷозоти гуногун кашида шудаанд.

Дар робита ба хариду фурўши ғайриқонунии замин дар соли равон чандин раиси ҷамоат, ҳамзамон вакилони мардумии маҷлисҳои маҳаллӣ, барои муддатҳои гуногун равонаи зиндонҳо шудаанд.

Юсуфи Азиз, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегўяд, феълан, замин ба як василаи аслии тиҷорати ғайрирасмии афроди мансабдор бадал шудааст. Ба гуфтаи ў, дар ҳоле ки раиси ҷамоатҳои қаторӣ имкони чунин худсариҳоро доранд, дар бораи вуҷуди ришвату фасод дар шохаҳои ҳокимият сўҳбат кушодан маънӣ надорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти додситонии Хатлон ҳам мегўянд, 2300 эътирози прокурорӣ маънои онро дорад, ки шахсони мансабдор – раисони ноҳияву ҷамоатҳо нафақат дар роҳи ҷилавгирӣ аз талаву тороҷ шудани замин кор мекунанд, балки баръакс, худашон ҳам ба тақсими ғайриқонунии замин даст мезананд.

XS
SM
MD
LG