Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Рӯзи ғазаби мардумӣ” дар Русия


Имрӯз аҳзоби мухолиф ва ҷунбишҳои иҷтимоии Русия дар беш аз 40 минтақаи кишвар “Рӯзи ғазаби мардуми”-ро доир карданд. Шиори аслии ин маъракаи эътирозӣ – “Ҳукумат зери назорати мардум” эълон шуда буд. Ширкаткунандагони тазоҳурот асосан боло бурдани маошу ҷубронпулиҳо ва коҳиши қимати хизматрасонии коммуналиро талаб мекарданд. “Рӯзи ғазаби мардумӣ” дар Маскав, Новосибирск, Красноярск, Калининград, Перм, Саратов ва Тюмен бо ширкати теъдоди бузурги мардум доир гардид. Дар шаҳри Санкт-Петербург ронандаҳои мошинҳо алайҳи пойин набурдани қимати бензин баъди коҳиши қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG