Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муслим Магомаев аз дунё даргузашт


Овозхони маъруф Муслим Магомаев дар синни 67 солагӣ дунёро падруд гуфт. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, чанд моҳи ахир овозхон шадидан мариз буд.
Муслим Магомаев аз маъруфтарин ҳунармандони шӯравии собиқ маҳсуб мешуд ва ҳанӯз дар овони ҷавонӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ касб карда буд. Ӯ соли 1969 дар ҷашнвораи Сопотӣ ҷоизаи аввал ва дар ҷашнвораи мусиқии Канн ҷоизаи “Пластинкаи тиллои”-ро соҳиб шуда буд. Соли 1973, замоне, ки ҳамагӣ 31 сол дошт, ба Магомаев унвони “Ҳунарманди мардумии СССР” эҳто гардид. Муслим Магомаев дар зодгоҳаш Озарбойҷон дастаи эстрадӣ-симфонӣ ташкил кард ва тайи 14 сол раҳбарии онро бар дӯш дошт. Овозхон беш аз 600 романсу таронаҳои классикӣ ва эстрадиро суруда, ҳамчунин муаллифи зиёда аз 20 таронаву мусиқӣ барои филмҳо буд.
XS
SM
MD
LG