Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши Осиё-Аврупо барои ҳалли бӯҳрони молӣ


Муқобилаи муштарак бо бӯҳрони ҷаҳонии молӣ мавзӯъи аслии саммити 40 кишвари Осиё ва Аврупо дар Пекин аст.

Дар ифтитоҳи ин ҳамоиши дурӯза, ки рӯзи ҷумъа сурат гирифт, раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао ҷомеъаи ҷаҳониро ба ҳамоҳангӣ ва ҳамдастии бештар дар муқобила бо бӯҳрони молии ҷаҳонӣ даъват кард.

Ҳини кушоиши ҳамоиши Пекин Хоссе Мануел Бароссо, раиси Комиссиюни Аврупо, гуфт, «ширкаткунандагони ин саммит аз чаҳоряки аҳолии дунё ва аз кишварҳое, ки дар якҷоягӣ нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилиии ҷаҳонро истеҳсол мекунанд, намояндагӣ доранд. Ва тасмимҳои муштараки мо вазъи бӯҳрониро тағйир хоҳад дод».

Саммити ҷаҳонӣ дар Пекин дар остонаи ҳамоиши байнулмилалӣ дар Амрико дар мавриди бӯҳрони молии ҷаҳонӣ сурат мегирад. Дар ин ҳамоиши ҷаҳонӣ, ки интизор меравад, замони наздик дар ИМА баргузор шавад, масоили роҳҳали бӯҳрони молии шадиди пешомада, ҷилавгирӣ аз такрори чунин бӯҳронҳо дар оянда ва ҳамчунин масъалаи ҳифзи низоми бозори озод баҳс ва баррасӣ хоҳад шуд.

Саммити Пекин дар ҳоле баргузор мешавад, ки бозорҳои саҳоми Осиё бори дигар ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Масалан, нархи саҳом дар бозори Куриёи Ҷанубӣ барои аввалин бор дар се соли ахир 10,6 дарсад поин рафт. Дар бозори саҳоми Никейи Ҷопон низ дар панҷ соли ахир нархи саҳом 9,6 дарсад поин омад. Пойинравии нархи саҳмияҳо дар бозорҳои бурси кишварҳои Ғарб низ сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG