Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши ҳавопайморубоӣ бе пайомад анҷом ёфт


Як ҳавопаймо, ки парвози тиҷоратӣ анҷом медод ва ба мушкил дучор шуда буд, дар Маскав фуруд омад. Бино ба гузоришҳо, як мусофири маст аз халабонон тақозо кардааст, ки хати парвозро тағир диҳанд. Баъд аз фуруд кормандони амниятӣ ин мардро боздошт кардаанд. Сухангуи Хадамоти Федеролии Амниятии Руссия гуфтааст, ҳуввияти ин мард билофосила баъд аз матраҳ кардани тақозояш ошкор шудааст. Вай дар гузашта зиндонӣ шудааст ва ба бемории равонӣ мубтало будааст. Бо ин ҳавопаймо 130 мусофир парвоз мекардаанд.
XS
SM
MD
LG