Пайвандҳои дастрасӣ

ОПЕК тавлиди нафтро кам мекунад, нарх ба $ 65 расид


Кишварҳои содиркунандаи нафт ё ОПЕК дар ду соли ахир бори аввал тасмим гирифтаанд, ки истихроҷи нафтро коҳиш диҳанд. Бо чунин тасмими худ онҳо мехоҳанд аз коҳиши нархи нафт ҷилавгирӣ кунанд. Вазирони хориҷаи кишварҳои ОПЕК дар мулоқоти худ дар Вена ба тавофуқ расиданд, ки истихроҷи нафтро аз моҳи оянда рузе то ба якуним милён бушка камтар кунанд. Онҳо дар эъломияи худ гуфтаанд, нархи нафт хеле сареъ ва ба таври бесобиқа поин рафтааст. Бо вуҷуди ин, баъд аз ин изҳорот нархи нафт дар Нию Йорк поинтар рафт ва барои як бушка ба 65 доллар расид.
XS
SM
MD
LG