Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиб дар Узбакистон идома дорад


Умеда Ниёзова, журналисте, ки бо фишорҳои байнулмилалӣ аз ҳабс озод гардид.
Умеда Ниёзова, журналисте, ки бо фишорҳои байнулмилалӣ аз ҳабс озод гардид.

Бархилофи умедвориҳо, ки лағви таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо Тошкандро "дилгарм" мекунад, таъқиби дигарандешон дар Узбакистон идома дорад.

Вақте, ки қозии додгоҳ ҳукми Аъзам Турғуновро қироъат кард, Дилором Исҳоқова - яке аз фаъолони нирӯҳои мухолифи давлати Узбакистон гуфт, ин ҳукми додгоҳ ба истилоҳ "ҳадя"-ест ба Иттиҳоди Аврупо, ки ахиран баъзе аз таҳримҳои худро бар зидди Узбакистон "барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар" аз миён бардоштааст.
Дилором чунин гуфт:

"Ин мурофиаи додгоҳ набуд. Ин танҳо намоише буд. Ман умед надоштам, ки Аъзам Турғунов раҳо мешавад. Вай зиндонӣ нашудааст, ки раҳо шавад. Мақомот мехостанд ӯро дер ё зуд бо баҳонае ба зиндон кашанд. Парвандаи вай ба фаъолиятҳояш дар бахши ҳуқуқи башар ва фаъолиятҳои сиёсиаш иртибот дорад. Ман мутассифам, ки ин кор замоне рух дод, ки ИА баъзе таҳримҳои худро бар зидди Узбакистон аз миён бардошт ва гуфт, вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар беҳбуд ёфтааст".

Турғунов дар Узбакистон созмони сабтиномнашудаи мавсум ба "Мазлум"-ро бар ӯҳда дорад. Додгоҳи Қарақалпоқистон Турғуновро муттаҳам кардааст, ки вай аз муштарие ришва хостааст. Аммо Турғунов мегӯяд, ки мақомоти интизомӣ ин иттиҳомотро бар зидди вай ҷаъл кардаанд ва ӯро дар асл барои фаъолияти сиёсиаш зиндон мекунанд. Фаъолияти вай ба ҳуқуқи зиндониёни сиёсву мазҳабӣ ва шиканҷаи зиндониён иртибот дорад.

Турғунов соли 1998 низ барои беэҳтиромӣ ба мақомоти расмӣ шаш сол маҳкум ба зиндон шуда буд ва ду соли пеш мавриди афв қарор гирифт. Вале аз он вақт то ҳол вай ва аъзои хонаводааш борҳо мавриди бозпурсиву таҳқир қарор гирифтаанд. Ба вай ҳатто раводиди хуруҷ ба берун аз кишварро ҳам надодаанд.

Турғунов ягона касе нест, ки барои ҳифзи ҳуқуқ ба зиндон меравад. Соли ҷорӣ шоир Юсуф Ҷумъа низ боздошт шуд, барои он ки истеъфои Ислом Каримовро дархост кард. Дар авоили ҳамин моҳ Солиҷон Абдураҳмонов, рузноманигори мустақил низ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Наталия Бушуева, рузноманигори дигар маҷбур шуд кишварро тарк кунад. Се рӯз баъд аз он, ки Иттиҳоди Аврупо баъзе таҳримҳоро аз миён бардошт, додгоҳи Узбакистон ҳукми зиндони рӯзноманигор Абдураҳмоновро содир кард ва мурофиаи Турғунов аз сар гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG