Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консорсиюми сохтмони ниругоҳи Роғун ташкил мешавад?


Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири хориҷаи Тоҷикистон имруз дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе ба рузноманигорон гуфт, ки Тоҷикистон гуфтугуҳо роҷеъ ба ташкили консорсиюми байналмиллалии сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро идома медиҳад. Ба гуфтаи ин манбаъ, гуфтугуҳо бо ҷонибҳое анҷом мегирад, ки майли ширкат дар ин сохтмонро доранд. Ба гуфтаи оқои Зарифӣ, Бонки Ҷаҳонӣ дар ин замина корҳои муқаддамотиро анҷом додааст ва ҳоло бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ музокира анҷом медиҳад. Вазири хориҷаи Тоҷикистон афзуд, кишвараш мехоҳад, ки Руссия дар ин консорсиюми байналмиллалӣ ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG