Пайвандҳои дастрасӣ

Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон 60 сола шуд


Имруз дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе маросими бузургдошт аз 60-умин солгарди таъсиси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор шуд. Ин донишгоҳ 21-уми марти соли 1947 бо қарори Шурои вазирони Иттиҳоди Шуравии пешин таъсис ёфт, вале фаъолияти мустақими он 1-уми сентябри соли 1948 шуруъ шуд. Нахустин ректор ё раиси ин донишгоҳ профессор Зариф Раҷабов буд. Ҳоло дар ин донишгоҳ дар 14 фокулта 12 ҳазор донишҷу таҳсил мекунад. Дар маросими бузургдошт раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба баъзе аз устодони собиқадори ин донишгоҳ ҷавоизи давлатӣ эъто кард.

XS
SM
MD
LG