Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба аёдати модарбузургаш рафтааст


Борак Обама-номзади Ҳизби Демократ ба мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико муваққатан маъракаи интихоботиашро боздоштааст, то ба аёдати модарбузурги бемораш равад. Обама ба Ҳавайи рафтааст, то муддатеро бо Маделин Дунҳам-модарбузурги 85-солааш сипарӣ кунад. Ҳамин модарбузург дар тарбияи номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ кумак кардааст. Қарор аст Обама рузи шанбе дубора ба маъракаи интихоботӣ баргардад. То ду ҳафтаи дигар ба интихобот назархоҳиҳо нишон медиҳанд, ки вай нисбат ба номзади ҷумҳурихоҳон бештар имкони пирузӣ дорад.
XS
SM
MD
LG