Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Туркия: Ҳизби ҳоким қонунро нақз накардааст


Додгоҳи Қонуни Асосии Туркия гуфтааст, ҳизби ҳоким қонунҳои дунявии Туркияро нақз кардааст, вале нахостааст бо нақзи қонун низоми дунявиро аз байн бибарад. Додгоҳи мазкур сабабҳои тасмими моҳи июли худро тавзеҳ додааст, ки чаро ҳизби Адолат ва Тараққиёт ё ҳизби ҳокимро барои фаъолиятҳои исломгароёнааш ғайриқонунӣ эълон накардааст, балки барои нақзи усули низоми дунявӣ ба ин ҳизб ҷарима бастааст. Додгоҳ гуфтааст, ҳукумат талош кардааст манъи русарии занонаро дар донишгоҳҳо аз миён бардорад ва ҳамин талош нақзи усули низоми дунявӣ дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG