Пайвандҳои дастрасӣ

Райс мегуяд, Ироқ ба кумаки Ирон ниёз надорад


Хонум Кондолизза Райс-вазири хориҷаи Амрико мегуяд, Ироқ ба кумаки Ирон барои ҳимоят аз манофеъи Ироқ ниёз надорад. Ин тавзеҳоти хонум Райс баъд аз он садо дод, ки Ирон гуфтааст, Вошингтон мехоҳад бо як паймони амниятӣ Ироқро пойбанди худ нигаҳ дорад. Хонум Райс гуфт, паймони мазкур, ки заминаи қонунии ҳузури нируҳои Амрико дар Ироқро то моҳи декабри соли 2011 фароҳам меорад, ба истиқлоли Ироқ комилан эҳтиром қоил аст. Тибқи хабари ИРНО, рузи панҷшанбе Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Ирон ба ироқиҳо ҳушдор дод, ки Вошингтон ба ваъдаи худ вафо нахоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG