Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш протоколи узвият ба НАТО-ро имзо мекунад


Қарор аст Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико шоми имруз протоколеро имзо кунад, ки заминаи узвияти Хорватия ва Албания дар паймони НАТО -ро фароҳам меорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки Яап Де Ҳуп Схеффер-Дабири Кулли паймони мазкур дар маросими имзои ин санад дар Вошингтон ширкат ҷуяд. Моҳи апрели соли ҷорӣ аз Албания ва Хорватия хоста буданд, ки музокироти узвиятро оғоз кунанд. Ҳамаи 26 кишвари узви НАТО ва худи Албанияву Хорватия бояд масъалаи узвияти ду кишвари наврро таъйид кунанд. Агар корҳо тибқи нақша пеш равад, мумкин аст дар соли 2009 ин ду кишвар ба узвияти НАТО дароянд.
XS
SM
MD
LG