Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии бӯҳрони молӣ дар Пекин


Дар пойтахти Чин дар як нишасти дурӯза раҳбарони кишварҳои Аврупову Осиё арзёбиии вокуниши муштарак ба бӯҳрони саросарии молӣ ва тағйири иқлимро шурӯъ намуданд.

Дар паёми ифтитоҳии нишаст президенти Чин Ҳу Ҷинтао гуфт, дар ҳоли ҳозир, омили муҳимтарини рафъи бӯҳрон эҷоди эътимод ва кӯшишҳои дастаҷамъии рафъи он мебошад.

Бӯҳрони саросарии молӣ, ки аз фурӯрезии низоми тақдими қарзи манзил дар ИМА шурӯъ шуда буд, ба тадриҷ бозорҳои молии оламро фаро гирифта, ба рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ гузошт.

Аснои сӯҳъат дар мулоқоти Пекин раиси Комиссияи Аврупоӣ Жозе Мануэл Баррозу гуфт, ки бӯҳрони саросарӣ ба аксуламали ҳамоҳангшудаи муштарак ниёз дорад. Баррозу бо истифода аз сафараш ба Пекин Чину Ҳиндустонро ба иштирок дар нишасти сарони кишварҳои олам дар Вашингтон ташвиқ намуд. Иттиҳодияи Аврупо бар ин назар аст, ки Чин бо бузургтарин захираи пули нақд дар рӯи олам ва бузургтарин миқёсу суръати рушди иқтисод дар тарҳрезиву иҷрои ислоҳоти низоми байналмилалии молӣ саҳмгир буда метавонад.

Моҳи оянда президенти ИМА Ҷорҷ Буш 20 кишвари сарватмандтарин ва пурқудрати оламро, ки бо номи G-20 ёдоварӣ мешаванд, ба Вашингтон барои арзёбии роҳҳои ҳалли бӯҳрони саросарии молӣ даъват кардааст. Нигарониҳо аз рукуди иқтисодӣ боиси поиншавии босуръати авроқи гаронбаҳо дар бозорҳои молии Осиёву Аврупо шудааст.

Сарфи назар аз мулоқоти Пекин рӯзи ҷумъа аксари бозорҳои молии Осиёву Аврупо дар минтақаи сурх тиҷорат доштанд, яъне шохиси бозорҳо рӯ ба поин буд. Аз ҷумла, қимати саҳом дар бозорҳои молии Кореяи Ҷанубӣ ва Япония ё худ Ҷопон ба поинтарин мизони панҷ-шаш соли ахир баробар шуд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа кишварҳои узви созмони АСЕАН, яъне кишварҳои узви Иттиҳодияи Ҷанубу Шарқи Осиё ба ташкили як шабакаи муштараки табодули пул мувофиқат карданд. Дар хазинаи ин шабака 80 миллиард доллар гузошта мешавад, ки дар ҳоли зарурат кишварҳои узв хоҳанд тавонист, ки ба воситаи он табодули босуръати асъор гузаронида бозорҳояшонро аз пули нақд саршор намоянд.

XS
SM
MD
LG