Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Ҷеф Гедмин ба гузориши ахири RSF


Normal 0

Гузориши ахири созмони “Хабарнигорони бидуни марз” 15 кишвар аз 20 кишвареро, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ барнома пахш мекунад, аз лиҳози озодии матбуот дар мақомҳои пойин ҷой додааст. Эрон, Беларус ва Узбакистону Туркманистон ҳатто дар пойинтарин зинаҳои ҷадвали “Шохиси озодии матбуот- 2008” ҷой гирифтаанд.

Ҷеф Гедмин, Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт: “Ин гузориши муҳим баёнгари чолишҳоест, ки хабарнигорони мо ҳар рӯз рӯбарӯ мешаванд ва бисёри онҳо ба хотири расондани ахбор ва иттилооти бидуни сонсур ба мардуме, ки дар манотиқи хориҷ аз дастрасӣ ба матбуоти озод ба сар мебаранд, ҳаёти худро амалан зери хатар мегузоранд.”

“Хабарнигорони бидуни марз” Туркманистонро дар байни 173 кишвар дар мақоми 171 ҷой карда, он кишварро ҳамчун қаламраве ба қалам медиҳад, ки иртиботи мардумаш бо соъири ҷаҳон бурида шуда, таҳти таъсири тарғибот қарор дорад. Ин гузориш касби хабарнигориро дар Узбакистон ва Эрон пешаи хеле хатарнок ва таҳти таъқиботи доим таъриф мекунад. Дар гузориши “Хабарнигорони бидуни марз” вазъи озодии матбуот дар Беларусу Русия ва Гурҷистону Арманистон низ ба шиддат интиқод мешавад.

Тоҷикистон имсол дар раддабандии ин созмон дар мақоми 106-ум омадааст, ки баландтарин мақом дар миёни кишварҳои Осиёи Марказист.


XS
SM
MD
LG