Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ОПЕК имрӯз пойинравии нархи нафтро баҳс хоҳад кард


Normal 0

Имрӯз нишасти изтирории ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои содиркунандаи нафт дар Вена мавзӯъи башиддат пойин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳониро баҳс мекунанд. Нархи як бушкаи нафти хом дар ҳоли ҳозир зери 70 доллар шудааст ва ин дар ҳолест ки ҳамагӣ се моҳ пеш, нархи нафт дар ҳудуди 150 доллар чарх мезад.

Вазири нафти Эрон Ғуломҳусайн Нӯзарӣ мехоҳад, ки ОПЕК ба хотири гирифтани пеши роҳи пойинравии нархи нафт тавлиди рӯзонаи онро то 2 миллион бушка коҳиш диҳад. Аъзои дигари картел аммо ба ин масъала бо эҳтиёти бештар нигоҳ мекунанд.


XS
SM
MD
LG