Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Шимон Перес аз ибтикори сулҳи Саудия


Normal 0

Раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес аз ибтикори сулҳи кишварҳои арабӣ пуштибонӣ кард. Перес дар пайи мулоқот бо ҳамтои мисриаш Ҳуснӣ Муборак дар Шарм-ул-Шайх ин ибтикорро як имконияте номид, ки метавонад ба Ховари Миёна сулҳ биорад. Тарҳи сулҳи Ховари Миёна, ки Арабистони Саудӣ ҳанӯз соли 2002 таҳия карда буд, эътирофи расмии давлати Исроил аз сӯи кишварҳои арабӣ дар баҳои хуруҷи он кишвар аз сарзаминҳои арабии соли 1967 ишғолкардаашро пешниҳод мекунад. Лигаи давлатҳои арабӣ, ки 22 кишвари ҷаҳони Арабро муттаҳид мекунад, ин тарҳи сулҳро тасвиб кардааст.


XS
SM
MD
LG