Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯъиқасд ба ҷони вазири кори Ироқ


Normal 0

Дирӯз ҳамлаи интиҳорӣ бо истифода аз мошини бамбгузоришуда дар Бағдод, ки вазири кор ва масоили иҷтимоии Ироқро ба ҳадаф дошт, дасти кам 11 кушта ва 14 захмӣ барҷой гузошт. Маргталаб мошини бамбгузоришударо дар айни аз роҳ гузаштани корвони мошинҳои ҳомили вазири ироқӣ мунфаҷир кард. Маҳмуд Муҳаммад Розӣ, ки дар кобинаи вазирон аз шиъаҳои ироқӣ намояндагӣ мекунад, ҷароҳат бардошт, вале дар ин ҳамла се тан аз муҳофизони ӯ кушта шуданд.


XS
SM
MD
LG