Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EBRD ба Тифлис 975 миллион$ кӯмак мекунад


Normal 0

Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд (EBRD) гуфт, то поёни соли 2010 ба Гурҷистон 975 миллион доллар қарзу сармоя хоҳад дод. Бонки аврупоӣ гуфт, бахши аъзами ин маболиғ ба хотири эъмори баъдиҷангии Гурҷистон ва эҳёи дубораи эътимоди ба дунболи ҷанги ду моҳи пеши миёни Русияву Гурҷистон тахрибдидаи сармоягузорони хориҷӣ масраф хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки анҷумани донорҳои Гурҷистон рӯзи чоршанбе дар Бруксел барои эъмори баъдиҷангии он кишвар ваъдаи чоруним миллиард доллар кӯмак кард.


XS
SM
MD
LG