Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошини босуръаттар аз тир


Як гурӯҳи мошинсозони бритониёӣ гуфтанд, ки ният доранд дар се соли оянда мошини нави босуръатеро бунёд кунанд, ки дар як соат 1600 километр роҳро убур хоҳад кард. Ричард Нобл, раҳбари ин тарҳ гуфт, ки мошини навъи "Bloodhound" 13 метр дарозӣ дошта бараш шаш метр хоҳад шуд ва мотори он ҳамоне хоҳад буд, ки маъмулан барои ҳавопаймоҳо истифода мешавад. Дар болои мошин як мушаке ҳам гузошта хоҳад шуд. Соли 1997 бори аввал гурӯҳи таҳти раҳбарии Нобл модели нахустини ин мошинро, ки дар як соат бо суръати 1228 километр ҳаракат мекард, эҷод кард. Ҳоло вай мегӯяд, ки мошини нав зудтар аз суръати тир ва бо убури масофаи баробар ба чаҳор майдони футбол дар 1 сония пеш хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG