Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои "Муҷоҳидини халқ" дубора фаъол мешавад


Додгоҳи аслии Иттиҳодияи Аврупо имрӯз тасмими Иттиҳодияи Аврупоро дар заминаи масдудкунии дороиҳои гурӯҳи мухолифини эронӣ "Муҷоҳидини халқ"-ро бекор кард. Соли 2002 Иттиҳодияи Аврупо "Муҷоҳидини халқ"-ро вориди феҳрасти созмонҳои террористӣ карда буд. Аммо додгоҳи Аврупо ҳукм кард, ки Иттиҳодияи Аврупо далелҳои заруриро барои вориди ин феҳраст кардани "Муҷоҳидини халқ" ироа накардааст.

XS
SM
MD
LG