Пайвандҳои дастрасӣ

Шимон Перес пешниҳоди сулҳи арабҳоро дастгирӣ кард


Раиси ҷумҳурии Исроил Шимон Перес пуштибонии худро аз рӯҳияи ташаббуси сулҳи кишварҳои Араб изҳор кард. Зимни суханрониаш дар нишасти матбуотии муштарак бо Ҳусни Муборак, раиси ҷумҳурии Миср дар осоишгоҳи Шарм-уш-Шайх гуфт, ки ин як шонси хуби эҷоди сулҳ дар Ховари Миёна мебошад. Пешниҳоди сулҳ, ки бо ташаббуси Арабистони Саъудӣ шаш соли пеш роҳандозӣ шудааст, эътирофи давлати Исроилро аз ҷониби арабҳо ва беруншавии ин кишварро аз қаламравҳои дар соли 1967 тасарруфкардааш дар назар мегирад. Аз ин нақша Лигаи кишварҳои Араб, ки аз 22 кишвари узв иборат мебошад, пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG