Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се сарбози эътилофӣ ва 18 ситезаҷӯ кушта шуданд


Мақомот гуфтанд, як бомбаи сарироҳӣ дар ғарби Афғонистон, ки ба он мошини нирӯҳои эътилофӣ бархӯрд кард, се сарбозро куштааст. Дар хабари дигар аз ҳалокати 18 ҷангии Толибон дар натиҷаи чандин рӯёрӯиҳо гузориш мешавад. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки мошини нирӯҳои эътилофӣ ба бомба рӯзи чоршанбе бархӯрд кард. Дар ҳамин ҳол, дар ҷануби Қандаҳор бомбае, ки дар дохили бори харе гузошта шуда буд, як мошини нозирони полисро мунфаҷир карда як афсарро кушта бар ҷой гузошт. Дар вилояти ҷанубии Урузгон ҳамлаҳои ҳавоии ИМА боиси нобуд шудани 15 ҷангӣ, аз ҷумла як фармондеҳи Толибон шудааст. Се ҷангӣ дар дохили ғоре дар вилояти ғарбии Фараҳ, вулусволии Балабулук дар ҷараёни рейди нирӯҳои амрикоиву афғонӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG