Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии нахустини Медведев мутаваққиф шуд


Хабаргузориҳои русӣ иттило доданд, ки нахустин суханронии раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар баробари парлумони ин кишвар, ки бояд имрӯз баргузор мешуд, мутаваққиф гардид. The Moscow Times мегӯяд, ки қарор аст президент ҳафтаи оянда суханронӣ кунад. Кохи Кремлин гуфтааст, ки роҷеъ ба сабабҳои ин ҳодиса иттило надорад. Думаи давлатии Русия дар фурсати ахир ба баррасии бӯҳрони иқтисодии баамаломада пардохта, дар суханрониҳои гузаштааст Медведев ИМА-ро гунаҳгори сар задани чунин ҳолати бӯҳронӣ номидааст. Вай пешгӯӣ кардааст, ки давраи бартарии иқтисодии ИМА дигар ба охир расид.
XS
SM
MD
LG