Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушнудии сарони Эрон аз "бӯҳрони Ғарб"


Дар ҳоле, ки аксари кишварҳои ҷаҳон дучори бӯҳрони иқтисодӣ шудаанд, раҳбарони Эрон ин бӯҳронро "марги капитализми ғарбӣ" номидаанд.

Раҳбарони Эрон мегӯянд, "онҳое, ки болои Эрон дар робита бо барномаи ҳастаиаш таҳримгузорӣ карданд, ҳоло аз ҷониби худованд бо ин рукуди иқтисодӣ ҷазо мебинанд".

Онҳо исрор меварзанд, ки "иқтисоди мустақили" Эронро бӯҳрони молӣ асар нахоҳад кард, дар ҳоле, ки коршиносони энержӣ ба ин боваранд, ки иқтисоди ин кишвари ғолибан вобаста аз нафташ аз таъсири бӯҳрони молӣ эмин буда наметавонад.

Дар ҳоле, ки аксар иқтисодҳои ҷаҳон бо паёмадҳои рукуди иқтисодӣ муқобила мекунанд, раҳбарони Ҷумҳурии Исломӣ бӯҳрони баамаломадаро чун муҷозоти Худованд нисбати ақидаҳои ғарбӣ ва душмандони Эрон ситоиш мекунанд. Раҳбари олии Эрон Оятулло Алии Хоманаӣ гуфт, ки бӯҳрони пешомада намоишгари шикасти демократияи либералӣ мебошад.

Раиси ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бори дигар ин фурсатро барои танқиди арзишҳои ғарбӣ истифода карда, бӯҳрони иқтисодиро чун марҳилаи марги капитализм унвон кардааст. Баҳси атрофи бӯҳрони иқтисодӣ ҳамакнун ба масҷидҳо ҳам кӯчида, дар мавъизаву суханрониҳои раҳбарони рӯҳонӣ пайваста ба он муроҷиат мешавад. Як оятулло дар намози ҳафтаи гузашта аз давлатҳои аврупоиву арабӣ даъват кард, ки худро вобастаи иқтисоди Иёлоти Муттаҳида накунанд, чунки бӯҳрони иқтисодӣ шикасти Амрикоро ба намоиш гузошт.

Зиёда аз ин, ба назар мерасад раҳбарони эронӣ мутмаин ҳастанд, ки бӯҳрони феълӣ ба ҳеҷ сурат ба иқтисоди онҳо таъсир нахоҳад кард, чунки шурӯъ аз соли 1979 он ба таври мустақилона рушду пешрафт кардааст. Дар айни замон, нишондодҳои саҳҳом дар бозори "Бурси Теҳрон" ба самти боло ҳаракат карда, дар чанд рӯзи гузашта қимати он то 20 дар сад афзоиш ёфт.

Иқтисоддонон гуфтанд, ки эътидоли нисбатии вазъи бозори Эрон аз он хотир аст, ки ииқтисоди Ҷумҳурии Исломӣ орӣ аз сармояҳои хориҷӣ буда аз болои иқтисод ҳукумат назорат мекунад. Дар айни замон, мақомоти эронӣ иқрор мешаванд, ки поинрафти қимати нафт наметавонад барои кишварашон чун хабари хуб арзёбӣ шавад.

Гуфта мешавад, ки вазъи баамаломада метавонад маҳбубияти Аҳмадинажодро кам кунад, чунки вай бо ваъдаи беҳбуд додани ҳолати иқтисодии сокинони кишвар ва ба манфиати мардум истифода шудани даромад аз фурӯши нафт сари қудрат омадааст. Вай ният дорад июни соли 2009 дубора барои дастёбӣ ба курсии раёсатҷумҳурӣ талош кунад.

Тобистони имсол, вақте нишондоди нафт то ҳудуди 150 доллар афзоиш ёфт, тибқи гузоришҳо Эрон моҳе аз фурӯши нафт то 7,5 миллиард доллар даромад дид. Аммо ҳоло, ки қимати тиллои сиёҳ аз 70 доллар ҳам фаромадааст, умеди Аҳмадинажод барои ҷамъоварии маблағи кофӣ дар маъракаи интихоботӣ камтар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки муддатҳо пеш аз шурӯи бӯҳрони молӣ дар Ғарбу Аврупо иқтисоддонон пешгӯӣ мекарданд, ки вазъи Эрон чандон хушҳолкунанда нест. Нишондодҳои таваррум дар ин кишвар аллакай беш аз 25 дар садро ташкил дода, мизони бекорӣ дар Ҷумҳури Исломӣ расман 15 дар сад гуфта мешавад. Ба андешаи таҳлилгарон, мизони бекорӣ дар асл метавонад 30 дар садро ташкил диҳад.

Дар муқоиса бо соли гузашта, мисли дигар нуқоти ҷаҳон, қимати ғизо боло рафта, 40 дар сад афзоиш ёфтааст. Ва ҳатто Бонки Миллии ин кишвар эътироф кардааст, ки беш аз 14 миллион аҳолӣ, ё ҳудудан 25 дар сади ҷомеаи ин кишвар дар ҳолати фақр ба сар мебаранд. Бонки Миллии Эрон ҳафтаи ҷорӣ ҳушдор дод, ки даромад аз фурӯши нафт имсол метавонад 54 миллиард доллар камтар назар ба соли гузашта шавад.

Таҳримҳои ҷорикардаи СММ болои Эрон барои сарсахтиҳояш дар барномаи баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар боиси аз кишвар берун шудани сармоягузорони хориҷӣ шудааст. Ғайр аз ин, номуайяниҳои сиёсии ин кишвар ҳам метавонад боиси дур шудани сармоягзорон аз иқтисоди ин кишвар шавад.

XS
SM
MD
LG