Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камасарии мубориза бо фасод ва ришвахорӣ


Дар ҳоле, ки Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, имсол фаъолияти худро ҷоннок кардааст, се корманди ин ниҳод низ аз ҷониби додситонии Суғд ба гумони даст доштан дар аъмоли ғайриқонунии молӣ боздошт шудаанд.

Ин барои бори аввал аст, ки аз замони таъсиси Оҷонси мазкур нисбати кормандонаш парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Нисбати се корманди Оҷонси мазкур тафтиши қаблӣ аз рӯи банди 316 – и аснои ҷиноии Тоҷикистон айби берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ эълон кардааст.

Иззатулло Сатторов - иҷрокунандаи вазифаи сардори Оҷонси мазкур бо тасдиқи ин хабар афзуд, ки се корманди қатории оҷонси мазкур аз рӯи банди 316 – и Асноди ҷиноии Тоҷикистон барои берун рафтан аз ҳадди ваколати хидматӣ айбдор ҳисобида шудаанд ва дар ҳоли кунунӣ парвандаи онҳо дар дасти баррасӣ қарор дорад. И. Сатторов афзуд, ки бо амри раҳбарияти оҷонси мазкур ҳар се корманди боздоштшуда аз кор ронда шудаанд. Ин мақом ба чӣ аъмоли ғайриқонунӣ даст задании ҳамкасбони собиқашро бозгӯ накард, вале ба гуфтаи додситонии Суғд, кормандони мақомоти Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод замони бе бозбинии гумрукӣ ба қаламрави Суғд ворид намудани оби ҷав дар мошини «Камаз» аз ҷониби кормандони идораи гумрук дастгир карда шудаанд.

Масъулини оҷонси мазкур мегӯянд, бо ин вуҷуд фаъолияти онҳо дар решакан кардани ҷиноятҳои молӣ ва фасоду ришвахорӣ дар 9 моҳи соли равон муаассир буд ва тавонистанд беш аз 150 нафар, умдатан кормандони зинаҳои пасту миёнаи мақомоти мухталифро бо иттиҳомоти дуздиву азхудкунии маблағҳои давлатӣ, исроф, ришвахорӣ, саркашӣ аз супурдани андоз ва қаллобӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Инчунин, имсол дар натиҷаи санҷишҳо ба маблағи беш аз 33 миллион сомонӣ зарарҳои молиро ошкор ва аз он беш аз 5 миллион сомониро бар фоидаи давлат барқарор кардаанд.

Вале ба ақидаи Абдусамад Султонов – сарвари созмони ҳуқуқии «Ҷавонон ва тамаддун» дар Хуҷанд, ҳарчанд фаъолияти оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасод дар ошкорсозии мавридҳои ҷудогонаи фасод ва ришвахорӣ чашмгир буд, вале ба сурати умум дар коҳиши ин ҷурм дар ҷомеа муаасир набуд. Вай мегӯяд: «Ин ҷо мушкили асосӣ дар вуҷуди коррупсияи системавӣ аст.»

Вале Иззатулло Сатторов – иҷрокунандаи вазифаи сардори оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд умдатарин сабаби ривоҷи фасоду ришвахориро на дар заъфи фаъолияти ниҳоди худ, балки дар дар бетарафии ҷомеа мебинад. «Ин (ришвахорӣ) ҳаст ва мемонад. Барои чӣ гӯед? Имрӯзҳо ягон панҷоҳ кас ба назди мо меоянд, лекин вақте ки ба онҳо мегӯем, ки ариза нависед ва ин корро ба таври расмӣ тафтиш кунем, розӣ намешаванд. Дар бораи пора доданаш намехоҳад ин ҷо ариза нависад, розӣ аст пора диҳаду корашро буд кунад, аммо ариза нанависад. Ман сабаби инро намефаҳмам.»

Вале ҳуқуқшинос Абдусамад Султонов сабаби ин ҳолат ва густариши фасод ва ришвахорӣ дар ҷомеаи Тоҷикистонро ба нобоварии одамон ба ниҳодҳои давлатӣ бастагӣ медиҳад: «Ба назари бархе аз одамон мақбултар аст ба як мақом сад доллар дода, ҳам кори худро буд кунанд ва ҳам бо он мақом муносибати хубтар барқарор кунанд .»

А. Султонов афзуд, дар ҷомеаи Тоҷикистон дар давоми беш аз 15 соли ахир додани ришва барои як муомилаву муносибатҳои оддии корӣ, ки бояд дар доираи қонун анҷои биёбад, дар нигоҳи одамон ба ҳукми як одати табиӣ даромадааст.

XS
SM
MD
LG