Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Сахаров ба Чин рафт


Парлумони Аврупо ҷоизаи олитарини ҳуқуқи башари худро ба як фаъоли ин ҷумбиш Ҳу Дзяи зиндонӣ тақдим кард, алорағми ин ки бисёриҳо мегуфтанд, ироаи ин ҷоиза эҳтимолан боиси халалдоршавии равобити Чину Аврупо мешавад. Ҳанс-Герт Пёттеринг, президенти Парлумони Аврупо зимни эълони исми барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров гуфт, ки Ҳу Дзя яке аз мудофеони воқеии ҳуқуқи инсон дар Чин мебошад. Вай гуфт:


"Ҳу Дзя 25 июли соли 1973 дар Пекин ба дунё омада ба яке аз дурахшонтарин мудофеони ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Халқии Чин табдил шудааст. Ин фаъоли сарсупурда ҳоло барои талошҳояш дар самти ҳифзи муҳити зист, муборизаи вай зидди СПИД ва HIV ва набардҳои вай барои эҳтироми ҳуқуқи инсон ҷоиза мегирад".

Як сухангӯи вазорати хориҷаи Чин оқои Ҳуро як "ҷинояткор" номида тақдими ҷоизаи бонуфузи Сахаровро ба вай чун "мудохила ба умури Чин" танқид кардааст. Вай моҳи апрели имсол ба мӯҳлати сею ним сол равонаи зиндон шуд. Соли 2007 вай роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи башар дар Чин дар баробари кумитаи фаръии ҳуқуқи башари Парлумони Аврупо гузориш додааст.
XS
SM
MD
LG