Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки аврупоӣ ба Гурҷистон кӯмак мекунад


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба Гурҷистон 975 миллион доллар қарзро ба мӯҳлати солҳои 2008 то 2010 ихтисос медиҳад. Бонк гуфтааст, ки маблағҳои мазкур барои бозсохту таъмири сохторҳои дар ҷараёни даргириҳои мусаллаҳонаи миёни Русияву Гурҷистон моҳи августи имсол харобшуда ва барои дубора барқарор кардани эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар равона мешавад. Изҳороти Бонки аврупоии бозсохт ва рушд як рӯз баъди он садо дод, ки донорҳои байналмилалӣ дар нишасте тааҳуд карданд, ки барои кӯмак ба Гурҷистон 4 миллиард доллар ироа хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG