Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"15 миллион пули Сандуқи байналмилалии пул пардохт шуд"


Раиси бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода имрӯз дар Душанбе дар баробари хабарнигорон гуфт, ки ин бонк як миқдор қарзи худро дар баробари Сандуқи Байналмилалии пул пардохт кардааст. Оқои Раҳимзода гуфт, аз миқдори куллии 47 миллион доллар аллакай 15 миллион доллари қарзи ин бонк пардохт шудааст. Шариф Раҳимзода гуфт:

"Ба қарибӣ, ҳангоми дар Вашингтон буданам ман ба Хазинаи байналмилалии асъор изҳор доштам, ки мо маблағе, ки онҳо талаб карда буданд, ки гардонем, дарҳол баргардондем. Аз он 47 миллион мо имрӯз 15 миллионашро гардондем ва мӯҳлати баргардонидани маблағи дигар нарасидааст. Вале мо маблағи заруриро дар ҳисоби Хазинаи байналмилалии асъор мондаем ва ҳар вақте ки талаб кунанд, мо онро метавонем баргардонем".

Соли ҷорӣ Сандуқи байналмилалии асъор мақомоти Тоҷикистонро дар ироаи гузоришҳои бардурӯғ роҷеъ ба сарфи маблағҳои қарзии ин бонк, ки барои иҷрои барномаи муқобила бо фақр равона шудааст, муттаҳам ва бозгардони ин маблағҳоро марҳила ба марҳила тақозо кард. Тоҷикистон гуфт, ки 47 миллион маблағи мазкур барои харҷи тарҳҳои изтирории кишоварзӣ масраф шудааст ва баргардонидани ин маблағҳоро ваъда дод. Ин ҳодиса боиси танқиди ҳукумати Тоҷикистон дар сирқати қарзҳои байналмилалӣ дар дохилу хориҷи кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG