Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирон бо "Юнистрим" бештар ҳамкорӣ мекунанд


Президенти "Юнистрим", як низоми бонкии интиқолдиҳандаи маблағҳо (Русия) дар сӯҳбат бо сомонаи интернетии fergana.ru иддао кардааст, ки мавқеи аввалро дар миёни низомҳои дигари пулгузаронӣ дар густураи кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ касб мекунад ва назоратро бар 25 дар сади бозори пулии ин қаламрав бар ӯҳда дорад. Сурен Айриян, раҳбари ин ширкати молии русӣ гуфтааст, ки солона дар ин қаламрав 30 миллиард доллар маблағ интиқол дода мешавад ва соли гузашта 3,7 миллиард доллар тавассути ширкати "Юнистрим" гузаштааст. Сеяки ин маблағҳо ба кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон фиристода мешавад. Сурен Айриян афзуд, ки ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ тавассути "Юнистрим" 26 % маблағҳо интиқол дода шудааст. Вай дурнамои пешравии ин низоми интиқоли пулҳоро муваффақиятомез номида гуфт, ки дарсади хеле ками интиқоли пул, ки дар ҳудуди 2 % ҳисоб шудааст, боиси болоравии шумори муштариёни "Юнистрим" гардид. Мизоҷони аслии мо муҳоҷирони корӣ мебошанд, афзуд Айриян.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG