Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ноябр интиқоли барқи Туркманистон шурӯъ мешавад


ИТАР-ТАСС аз қавли мақомоти ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, ки интиқоли нирӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон аз 1 ноябри имсол шурӯъ хоҳад шуд. Чунин тасмим бар пояи созишномаи байнидавлатии миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳосил шудааст, ки тибқи он то анҷоми мавсими имсолаи тирамоҳу зимистон қарор аст аз ин кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон 400 миллион киловатт-соат барқ ворид шавад. Созишнома интиқоли 1,2 миллиард киловатт-соат барқро дар як сол дар назар мегирад. Феълан аҳолии Тоҷикистон дар шароити маҳдудияти барқӣ ба сар бурда, дар маҷмӯъ дар як шабонарӯз на то ҳафт соат нирӯи барқро дарёфт мекунад. Тоҷикистон қарор аст барои ҳар як киловат соат барқ ба Туркманистон 0,03 доллари амрикоӣ пардохт кунад.
XS
SM
MD
LG