Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Уфти қиматҳо дар пешорӯи нишасти Вошингтон


Normal 0

Кохи Сафед гуфт, раҳбарони 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушди ҷаҳон аз гурӯҳи Ҷи 20 рӯзи 15 ноябр ба хотири баҳси роҳҳои муқобила бо бӯҳрони молӣ дар Вошингтон гирди ҳам меоянд. Сухангӯи Кохи Сафед Дана Перино гуфт, ҳадафи ин нишаст баррасии шеваҳои ислоҳи низоми молии ҷаҳонист.

Бо ин ҳол, дирӯз бозорҳои ҷаҳон шоҳиди уфти дигарбораи қиматҳо шуданд. Мизони уфти қиматҳо дар бозорҳои Амрико дар 5 соли охир бесобиқа буда, қимати саҳмияҳо дар Аврупо 5 ва дар Ҷопон ҳудуди 7 дарсад пойин рафтанд. Украина, Маҷористон ва Беларус дар ҳамин ҳол, аз Сандуқи байналмилалии пул кӯмаки молӣ хостаанд.


XS
SM
MD
LG