Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Беларус аз IMF 2 миллиард$ вом хостааст


Normal 0

Бонки марказии Беларус таъйид кард, ки аз Сандуқи байналмилалии пул ба хотири пуштибонӣ аз субот ва рушди иқтисодиаш қарз хостааст. Сухангӯи Бонки марказии Беларус гуфтааст, ки таъйини ҳаҷми қарз дар ихтиёри ҷониби Сандуқи байналмилалист, вале Интерфакс аз қавли як мақоми ин Бонк навишт, ки Минск аз Сандуқи пул 2 миллиард доллар вом пурсидааст. Аммо ин мансабдор афзуда, ки Беларус ҳамчунин талош меварзад аз бонкҳои марказиву тиҷории кишварҳои дигар низ қарз дарёфт кунад. Вазири дороии Русия Алексей Кудрин қаблан гуфта буд, ки Маскав усулан ризоият додааст, ки ба Беларус 2 миллиард доллар вом бидиҳад.


XS
SM
MD
LG